АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ОИЛАҲОИ МАЪЮБУ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ОИЛАҲОИ МАЪЮБУ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

23 декабри соли ҷорӣ дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои дахлдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Соли нави мелодӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба манзили якчанд нафар собиқадорони меҳнат аз ҷумла, Ӯрунбоева Зайнаб (94 сола), Ғаффоров Мазбут (83 сола), Муқумова Роҳила (84 сола), Бобоҷонова Қӯзӣ (75 сола) ва оилаҳои маъюбу ниёзманд Пӯлодов Ҳаким ва Сармисоқов Абдуқаюм ташриф оварда, ба онҳо аз номи роҳбарият кумаки яквақтаина ва тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Зимни аёдат раиси шаҳри Истаравшан собиқадорони меҳнат ва оилаҳои маъюбу ниёзмандро бо фарорасии соли нави мелодӣ таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори ободу осуда, саломатии бардавом, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Инчунин аснои сӯҳбат бо аёдатшудагон аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдовар гардида, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри дастгирии доимӣ омода аст ва ин ғамхориву сарпарастӣ дар сиёсати меҳварии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Собиқадорони меҳнат ва дигар аёдатшудагон аз ин дастгириву ғамхориҳо болида гардиданд ва ба Роҳбари давлат миннатдории самимонаи хешро изҳор дошта, дуои нек ва таманниëти идона намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

       

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*