АЁДАТИ ШАХСОНИ БАРӮМАНДИ ДИЁР, СОБИҚАДОРОНИ АРСАИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

9 сентябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз бо мақсади табрикот ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили якчанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, собиқ роҳбарони шаҳри Истаравшан ва маъюбони камбизоатон ташриф оварданд.

Раиси шаҳри Истаравшан ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, зикр доштанд, ки собиқадорони меҳнат хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат ба ҳисоб рафта, хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон беназир аст.

Собиқадорони арсаи меҳнат аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории самимии хешро баён намуданд ва аснои суҳбат бо раиси шаҳри Истаравшан аз ҳаёт, фаъолият ва рӯзгори ибратбахшашон хотиррасон гардида, дар заминаи таҷрибаи зиндагии хеш ҷиҳати рушду нумӯи шаҳр маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба аёдатшудагон туҳфаҳои идона ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*