БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ КАМАРМАНДӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 25-26 марти соли ҷорӣ дар деҳоти “Чорбоғ”-и шаҳри Истаравшан бо иштироки паҳлавонони номии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва паҳлавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мусобиқаи кушод оид ба гӯштини камарбандӣ доир гардида истодааст.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 80 нафар паҳлавонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овардаанд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ширкат варзида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз шодбош гуфт ва таъкид намуд, ки гӯштини камарбандӣ яке аз варзишҳои намуди миллӣ буда, дар арафаи ҷашн доир намудани он яке аз суннатҳои наврӯзӣ маҳсуб меёбад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*