Бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ ҷараён доранд.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бинои истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар расми кушодашавии он Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба корҳои рушди иҷтимоӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси вилоят Баҳодур Баҳоваддинзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода ва дигар меҳмонон иштирок доштанд. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур толори намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд ва фаъолияти худро оғоз намуд.

Инчунин дар деҳаи «Қалъачаи Араб»-и ҷамоати деҳоти «Зарҳалол» маркази хизматрасонии соҳибкор Салим Додобоев ба фаъолият шурӯъ намуд. Қобили қайд аст, ки корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоати мазкур бо дастгирии Ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ ба роҳ монда шуда дар дигар мавзеъҳо низ идома доранд.

Дар деҳаи «Миҷрон»-и ҷамоати деҳоти «Гули Сурх» корҳои ободонӣ вусъат гирифта, ҷиҳати зебову обод гардонии гирду атрофи деҳот ва роҳҳо мардум сарҷамъона заҳмат кашида истода, мумфаршкунии масофаи ду километр роҳи мошингардро оғоз намуданд.

Дар назди боғи «Парчам»-и шаҳр, кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат», ба муносибати пурра мумфаршгардидан ва чароғонкунии кӯчаҳои маҳаллаи мазкур  «Иди кӯча» доир шуд, ки дар он меҳмонон иштирок варзида, ба сокинони маҳалла барои ободонӣ баҳои баланд доданд.

Корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Истаравшан идома доранд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.

*