БА 96 НАФАР ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲР ЛИБОСҲОИ ЗИМИСТОНА ВА ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ ҲАДЯ ГАРДИД

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, оростани дастурхони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо аз иқдомҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Дар пайравӣ ба ин иқдомҳо нимаи дуюми 28 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба муассисаи давлатии Мактаб-интернати шаҳр ташриф оварда, бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният намуд.
Раиси шаҳри Истаравшан зимни сӯҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассиса зикр дошт, ки маҳз сиëсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳи доимӣ қарор доранд.
Дар идомаи суханронии хеш шаҳрдор махсусан таъкид дошт, ки бошандагони мактаб-интернати мазкур танҳо нестанд ва давлату ҳукумат парастори доимии онҳо мебошанд. Ҳамзамон тарбиятгирандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуда, зикр дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳунаромӯзӣ, таҳсили хонандагон ва зиндагии мустақилонаи онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Сипас, тарбиятгирандагони муассисаи мазкур бо пешниҳоди барномаи рангини идона шеъру сурудҳо дар васфи Тоҷикистони азиз ироа намуда, сипосу миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайваста баён намуданд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ ба 96 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернат тӯҳфаҳои идона аз қабили либосҳои зимистона, компютерҳои замонавӣ, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим ва баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*