БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Субҳи 6 феврали соли ҷорӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф якҷо бо роҳбарияти шаҳр ва масъулини маорифи вилоят аз муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан дидан намуданд.

Аз ҷумла, аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Сӯфиориф, ки бо дастгирии Вазорат аз ҷониби Фонди Саудии рушд бунёд шуда истодааст, боздид ба амал оварда, барои ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин суроришҳои дахлдор доданд.
Инчунин, ба муассисаи таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” ташриф оварда, рафти корҳои сохтмони бинои нави таълимии муассисаи мазкурро аз назар гузарониданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои мазкур бо супориши Роҳбари давлат аз ҷониби Вазорат бунёд шуда истодааст.
Дар ҷараёни сафар Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи #1-и шаҳр ташриф оварда, бо ҳайати омузгорон мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*