БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НОФАРОҶ”

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НОФАРОҶ”

15 майи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо ҳамроҳии масъулини соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоди шаҳр аз ҷараёни кишти картошка дар ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” – и шаҳри Истаравшан боздид намуд.

Тавре аснои боздид ба раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти мазкур 428 га пешбинӣ шуда, нисбат ба соли гузашта 33 га зиёд мебошад, ки то имруз 320 га картошка кишт гардида, бо истифода аз ҳавои мусоид рузҳои наздик дурнамои кишти картошка иҷро мегардад. Дар ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” 8233 га заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шуда, аз он 3170 га заминҳои корам, аз ҷумла 1062 га заминҳои обёришаванда ва 2108 га заминҳои лалмӣ мебошанд.
Аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар иҷро намудани нақшаи пешбинигардида муваззаф гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*