БУНЁДИ БОҒҲОИ НАВ ДАР ТАЛУ ТЕППАҲОИ ДЕҲОТИ НОФАРОҶИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

22 апрел Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо рафти бунёди боғҳои нав шинос гардид.
Ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзори нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷ дар майдони 40 гектар боғи анъанавии себ бунёд карда мешавад.
Боғҳои нав аз ҷониби саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат дар шафати обанбори “Зарринруд” бунёд карда шуда, дар назар аст, ки барои обёрӣ кардани ин заминҳо аз ҳисоби саҳмдорон як чоҳи амудӣ низ кофта шавад.
Боғҳои бунёдшаванда дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҷойгир буда, баъди пурра бунёд гардидан он барои сайёҳону меҳмонон метавонад як манзараи зебои табиатро муаррифӣ намояд.
Раиси вилоят аз ташаббуси боғпарварон истиқбол намуда, иброз дошт, ки ташкили боғҳои нав дар заминҳои бекорхобидаи мавзеъ, ки беш аз 200 гектар аст, бояд ҳарчи зиёдтар ба роҳ монда шавад.
Сипас, Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Бобо Рашид”-и Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ба кишти картошка оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Истаравшан соли равон дар 3400 гектар картошка кишт гардида, дар ин ҷамоат моҳи апрел ба кишти картошка оғоз мекунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо деҳқонон бори дигар ёдрас шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шуда, бо назардошти афзоиши талабот ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд карда шавад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*