БУНЁДИ БОҒҲОИ НАВ ДАР ТАЛУ ТЕППАҲО

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзорҳои нав дар талу теппаҳои бекорхобида имруз дар майдони 31 гектар замин ба бунёди боғи анъанавии себ асос гузошта шуда, аввалин ниҳолҳои себи навъи маҳаллӣ шинонида шуд.

Дар маросими ниҳолшинонӣ дар боғи навбунёд раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок намуда, ба саҳмдорони хоҷагӣ ва сокинони деҳоти “Нофароҷ” барои ташаббусашон изҳори миннатдорӣ баён кард ва барои минбаъд низ нигоҳубин кардани боғ ва самаранок истифода кардани замин бо ҳозирин суҳбати самимӣ доир намуд.
Иқдоми мазкур дар асоси тавсияи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби хоҷагиҳои навтаъсиси “Меҳнатобод” ва “ИМОН”-и деҳоти “Нофароҷ”, ки мутаносибан аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳр 20 га ва 11 га замин аз шафати обанбори “Зарринруд” ҷудо гардид, бунёд карда шуда, дар назар аст, ки барои обёрӣ кардани ин заминҳо аз ҳисоби саҳмдорон як чоҳи амудӣ низ канда шавад.
Як қисми замини мазкур тули солҳо аз ҷониби сокинон истифода шуда, ҳамчун заминҳои лалмӣ ҳамагӣ як маротиба ҳосил гирифта мешуд.
Майдони боғи бунёдшаванда дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҷойгир буда, баъди пурра омода гардидани он барои сайёҳону меҳмонон метавонад як манзараи зебои табиатро муаррифӣ намояд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*