ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

22 апрел Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуд.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ҷараён дошта, соҳибкорони шаҳр саҳми арзандаи худро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат гузошта истодаанд.
Тавре ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди «ORVIGA» сохта, ба истифода дода мешавад. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар ҷараёни бунёди он қариб 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи кор ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бо нархҳои дастрас вориди бозор гардад.
Дар ҳудуди шаҳр инчунин сохтмони корхонаи бисёрсоҳаи истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҳамзамон азнавбарқароркунии собиқ корхонаи нассоҷии Истаравшан оғоз ёфта, барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҷӯӣ карда мешавад.
Зимни шиносоиҳо роҳбари вилоят таъкид кард, ки шаҳри Истаравшан дорои имкониятҳои зиёд буда, бо татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Сипас, роҳбари вилоят бо сохтмони қасри фарҳанги шаҳр бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ низ ошно шуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*