ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБО АШУРБОЙ” БОҒИ СЕБ АЗ НАВ БАРҚАРОР МЕГАРДАД

Вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода доир ба бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо имрузҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан корҳо бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии “Бобо Ашурбой”-и деҳоти Пошкент, ки 27 аъзо дорад, дар ҳудуди 6,2 гектар майдони боғ дарахтони куҳансол решакан карда шуда, барои бунёди боғи нави себ корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
26 марти соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз хоҷагии мазкур боздид ба амал оварда, ба саҳмдорони он арзи сипос баён намуд ва барои самаранок истифода намудани замин тавсия дод, ки то бузург шудани ниҳолҳо дар байни хатҳо кишти картошка ба роҳ монда шавад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан бунёди 100 гектар боғҳои нав дар назар дошта шуда, то имруз 37 гектар, аз ҷумла 6 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*