ИДОМАИ АЁДАТҲО ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ИДОМАИ АЁДАТҲО ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Аёдати собиқадорони арсаи меҳнат, дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони ниёзманд, маъюб ва яккаву танҳо яке аз амалҳои хайр ва хислатҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин аз ҷониби Ҳукумати кишвар пайваста чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Дар ин раванд 27 декабри соли ҷорӣ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аёдати пирони рўзгордида аз ҷумла, Бердиева Хосият, собиқадорони меҳнат Худоёров Бойбобо, Баротов Карим, шахсони дорои маъюбиятдошта аз ҷумла, Шавкатҷони Хушбахт (маъюби гуруҳи 1), Исроилова Обида (маъюби гуруҳи 2), Маърупов Ҳасан (маъюби гуруҳи 1), Ғафурова Муборак (маъюби гуруҳи 1), Нуров Шараф (маъюби гуруҳи 2), Турсунова Фирӯза (маъюби гуруҳи 2), Баротов Азизҷон ва оилаи ниёзманди Ӯлмасов Аброр рафта, аз номи роҳбарият ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ, маводҳои озуқаворӣ ва тӯҳфаҳои идона тақдим намуд.
Аснои аёдат раиси шаҳри Истаравшан бо шароити зиндагии ин оилаҳо шинос гардида, зимни сӯҳбати самимӣ онҳоро аз номи Пешвои муаззами миллат ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният намуд ва зикр дошт, ки пирони рӯзгордида ва табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Аз ин иқдоми хайрхоҳона аёдатшудагон болидаруҳ гардида, шукри Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ намуданд ва миннатдории самимонаи хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошта, барои устувории Истиқлолият, ваҳдату амонӣ ва оромиву шукуфоии Ватани азизамон дасти дуо кушоданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

              

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*