Истаравшан -даври шаҳрии Фестивал-озмуни заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…”

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба санъати мероси халқи тоҷик ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 10 феврали соли 2021 дар толори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан даври шаҳрии фестивал – озмуни заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 7 нафар заргарони чирадасти шаҳр иштирок варзида, маҳсули кори заргарии худро пешниҳод намуданд. Тибқи қарори ҳакамон бо роҳбарии мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминова, ҷои аввал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ насиби Хоҷаев Анӯшервон, ҷои дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ насиби Маҳмудов Бахтовар ва ҷои сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 сомонӣ насиби Олимов Давлат гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*