ИСТАРАВШАН – МИЗБОНИ ФОРУМИ МИНТАҚАВИИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ”

1 апрели соли 2022 дар шаҳри Истаравшан Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат” аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардид, ки дар Форуми доиргардида зиёда аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози форуми мазкур иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дидан намуданд.
Маросими расмии форум бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Қодирзода Саъдӣ, Муовини раиси вилояти Суғд –Анвар Яқубӣ ва Раиси шаҳри Истаравшан – Адҳам Маъмурзода оғоз гардида, баргузории Форуми минтақавӣ дар шаҳри Истаравшан қадами муассир дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии мамлакат арзёбӣ карда шуд.
Ҳадафи баргузории Форуми мазкур вусъат додани ҳамкориҳо байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ ба шумор меравад.
Дар рафти чорабинӣ, Менеҷери минтақавии Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд Мирсаидова Ҷамиля ва Директори Иттифоқи рушди бахши хусусӣ – Нурматова Наима суханронӣ намуданд. Сипас, намояндаи ҷамъияти саҳомии пушидаи “Оби зулол” ва Директори ҶДММ “Мармарӣ” – Ҳакимов Зафар тавассути рӯнамо маъруза намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар форуми мазкур зиёда аз даҳ санадҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳо ба имзо расонида шуд.
Пас аз фарҷоми маросими расмии Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат” иштирокчиёни Форум аз мавзеи таърихии “Қалъаи Муғ” боздид ба амал оварда, дар маросими оғози фаъолияти ширкати хизматрасонии “1111” дар шаҳри Истаравшан ширкат варзиданд ва ҳамзамон соҳибкорони ватанӣ аз ҷараёни рафти истеҳсолот дар корхонаи саноатии “Адл” низ дидан намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*