ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ШАҲРАКИ ИСТАРАВШАНИ ДЕҲОТИ ЗАРҲАЛОЛ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ШАҲРАКИ ИСТАРАВШАНИ ДЕҲОТИ ЗАРҲАЛОЛ

Дар соли бузургдошти ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо иқдом ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан зиёда аз 500 иншооти сатҳи мухталиф бунёду навсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд ва бо ин васила ҳазорҳо нафар қувваи қобили меҳнат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар ин замина дар шаҳраки Истаравшани Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии ҶТ Ашурзода Абдулҳафиз ва соҳибкорону сокинони сарбаланди хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бинои Маркази савдо ва хизматрасонии “Бунёдкор” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Фозил Музаффаров бо сарфи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ба таври зебою муосир бунёд гардидааст. Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмон, барқу ташноб ва дигар маводи бунёдӣ ҷой дода шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани маркази мазкур панҷ нафар ашхоси бешуғл бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин гардиданд. Соҳибкор Фозил Музаффаров бо азми дар ошёнаи дуюм ташкил намудани коргоҳи дузандагӣ имруз саъю кушиш дорад, ки барои фаъолияти мунтазаму бонизоми 25 нафар дӯзандагон аз ҳисоби занону духтарони хонашини шаҳраки Истаравшан шароити арзандаи корӣ муҳайё созад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази савдо ва хизматрасонии “Бунёдкор” дар шаҳраки Истаравшан шумораи иншооти дар соли бузургдошти ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” мавриди истифода қарор гирифта ба 74 адад расида, наздики 600 нафар қувваи қобили меҳнат бо кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*