ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ГАЗПРОМНЕФТ” ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Субҳи 25 августи соли ҷорӣ дар доираи тадбирҳои таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан маркази хизматрасонии “Газпромнефт” мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти мазкур, ки асосан ба фуруши маҳсулоти нафтӣ машғул аст, бо тарҳу усули замонавӣ дар муҳлати шаш моҳ бунёд гардида, дорои нуқтаҳои фуруши маҳсулоти хурока ва дигар намуди хизматрасониҳо мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани маркази хизматрасонии “Газпромнефт” дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди маоши моҳонаи онҳо аз 1200 то 2400 сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар нахустин рӯзи фаъолият роҳбарияти ширкати “Газмпромнефт” бо иқдоми наҷиб баромад карда, нақлиётҳои хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, милитсия ва қисми ҳарбии 0202-ро ба таври ройгон бо сузишворӣ таъмин намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*