Ифтитоҳи нимпайкараи устод Набиҷон Қодиров

Бахшида ба рӯзи омузгорон дар муассисаи таҳсилоти умуми №1 ба номи Набиҷон Қодиров ҷамъомад оиди ифтитоҳи нимпайкараи муаллими хизматнишондодаи ҷумҳурц, Аълочии маорифи ҷумҳурц, дорандаи ордени бацрақи сурхи меҳнат, медали Барои хизматҳои шоиста ва чандин дигар медалу ифтихорнома Набиҷон Қодиров барпо гардид.

Собиқадори меҳнат Абдуваҳҳобова Муаззама иштирокчиёни  ҷамъомадро бо фаъолияти меҳнатии омӯзгор Набиҷон Қодиров шинос намуд.

Муовини раиси шаҳр Cодиқ Мирсаидц гузоштани нимпайкараро дар саҳни муассиса чун рамзи эҳтиром ба Набиҷон Қодиров арзёбц намуд.

Дар ҷамъомад инчунин раиси шӯрои собиқадорони шаҳри Истаравшан Абдуваҳҳоб Қаюмов, собиқадори меҳнат Обидҷон Бадиев, шогирди устод Набиҷон Қодиров полковник Мирзо Олимов иштирок ва суханронц намуданд.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*