ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Тайи чор рӯз аст, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гуруҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз бо ҳайати корӣ дар шаҳри Истаравшан қарор дошта, тибқи барқияи ҳукуматӣ вобаста ба самтҳои муайяншуда корбарӣ намуда истодаанд.
Аз ҷумла, 5 апрели соли ҷорӣ Ашурзода Абдулҳафиз якҷо бо раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзиданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, дар ҳудуди деҳоти Пошкент, дар хоҷагии деҳқонии “Бобо Ашурбой” 6,6 гектар боғи куҳна аз байн бурда шуда, аз ҷониби саҳмдорони хоҷагӣ корҳои омодагӣ барои аз нав барқарор кардани он идома дорад.
Аз ин лиҳоз роҳбари гурӯҳи корӣ дар қисми барқароршавии ин боғ иштирок карда, ниҳолҳои себ шинониданд.
Дар назди муассисаи таълимии деҳаи “Оби зулол”-и деҳоти Нофароҷ бошад, дар майдони 0,5 гектар боғи нави себ ва дар 3,5 гектар боғи куҳна аз нав барқарор гардид. Инчунин, дар атрофи боғи мазкур ниҳолҳои сафедор, ки дар боду ҳавои ин мавзеъ мутобиқ аст, шинонида шуданд.
Ҳамзамон, дар баробари ин, дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Истаравшан тибқи супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби сокинони деҳоти Нофароҷ, Чорбоғ ва Зарҳалол ниҳолҳои арча шинонида шуданд.
Кишоварзон ният доранд, ки барои самаранок истифода намудани замин дар миёни хатҳои дарахтон картошка кишт намоянд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

       

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*