КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ҶОЙИ ДУЮМ ДАР ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021»

КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ҶОЙИ ДУЮМ ДАР ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021»

14 декабри соли 2021 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ғолибони озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» туҳфаҳо супорида шуд.
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» ба хотири дуруст ба роҳ мондани фаъолияти 362 китобхонаи низоми фарҳанги вилоят, омўзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, амалӣ гардондани роҳу усули ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиаи китоб бахшида ба ҷашнҳои пуршукўҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 тибқи қарори Раиси вилоят баргузор шуда, бо пешниҳоди комиссия ғолибони озмун муайян гардиданд.
Тибқи баҳогузориҳо Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 8000 сомонӣ гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*