КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ НАМУД

Субҳи 9 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз дар доираи таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Олимов Камол бунёд гардида, минбаъд ҳамчун ҶДММ “Шири Истаравшан” ва намояндагии ҶДММ “Комбинати шири Душанбе” фаъолият хоҳад кард.

То имруз соҳибкори мазкур дар бинои хурди имконияташ маҳдуд бо тамғаи “Асил” маҳсулот истеҳсол менамуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона теъдоди кормандон ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ афзун гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки таҷҳизоти корхона аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои технологияҳои муосир мебошад ва иқтидори дар як шабонарӯз то коркарди 10,000 литр ширро дорад. Дар коргоҳи мазкур наздик 50 нафар сокинони шаҳр бо ҷои кори доимию маоши мувофиқ таъмин гардидаанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*