Кушодашавии 2 китобхона дар Истаравшан

Дар деҳаи Сепулаи ҷамоати деҳоти Пошкент бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона-филиали рақами 16 ифтитоҳ гардид.
Дар расми кушодашавии китобхонаи мазкур муовини раиси шаҳри Истаравшан Н. Наимҷонзода, мудири бахши фарҳанг Сангинов Ш., раиси Ҷамоати деҳоти Пошкент Мирзоназаров Алиназар, раиси деҳот Қурбонов Бобоҷон иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар китобхонаи мазкур 3329 адад китобҳои гуногун ҷамъ омадаанд.
Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи Истиқлолият дар деҳаи “Қалъачаи араб”-и Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” низ китобхонаи нав ба истифода дода шуд, ки дар он 4127 адад китоб ҷамъ оварда шудааст

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*