Лавхагузорӣ дар манзили иштирокчиёни ҶБВ

Дар шаҳри Истаравшан бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар манзили истиқоматии собиқадорони чанг лавҳагузорӣ ва аёдат доир шуд.

Дар даромадгоҳи хонадони собиқадори меҳнат, собиқ раиси шаҳри Истаравшан Муним Холиқов лавҳагузорӣ бо иштироки намояндагони Шӯрои собиқадорни ҷанг ва меҳнат, Шӯрои калонсолони шаҳр, пайвандон ва хонандагони Гиназиияи рақами 6  баргузор гардид. Маҳкамҷон ва Маъруфҷон Холиқовҳо  – иштирокчиёни ҶБВ, дорандагони ордени ҶБВ – дараҷаи якӯм, барои щалаба аз болои Германия мебошанд. Ҳамаи ҷамъомадагон ин шахсони некро хуб мешиносанд ба эҳтиролм менамоянд

Сараввал муовини раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳабибулло Нарзуллоев ҷамъомадро ҳусни ощоз бахшида оиди ҳаёт ва фаъолияти бародарон-қаҳрамонон якчанд сухан гуфта, баъдан  суханро ба Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шарифҷон Гайдойбоев ва раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорон дар кумитаи маҳаллаи Бощот Нӯъмон Маърупов вогузор намуд. онҳо низ аз фаъолияти пурсамари иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бародарон Холиқовҳо ва оқибатҳои харобиовари ҶБВ, ки даҳҳо миллион халқи собиқ иттиҳоди шӯравиро нобуд сохтааст сухан ронданд.

Чунин лавҳа дар манзили истиқоматии иштирокчии ҷанг Шодибой Нарзуллоев низ гузошта шуд, ки дар он муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода иштирок дошт.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*