Лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ

Дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр лавҳагузироҳо дар манзили иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 ба роҳ монда шуда, дирӯз дар даромадгоҳи манзили иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Адҳамҷон Усмонов низ чунин чорабинӣ бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр ва пайвандон доир шуд.

Муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳабибулло Нарзуллоев ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, баъдан Ҳакимов Нӯъмон – номзади илми техникии академияи илмҳои ҶТ, Шарифҷон Гадойбоев  – раиси шӯрои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва собиқадори меҳнат Щафуров Набиҷон баромад намуда ин иқдомро бо мамнуният қабул намуданд ва оиди ҷонбозиҳои Усмонов Адҳамҷон дар ҷанг сухан гуфтанд. Қайд шуд, ки Усмонов Адҳамҷон сокини кумитаи маҳаллаи «Бощот» буда, дорои якчанд ордену медалҳои ҷангӣ ва ҷашнии Варшава, Берлин ва Киев мебошанд.

Дар хотима фарзанди Усмонов Адхамҷон – Адҳамов Аъзам ба сухан баромада ба ҷамъомадагон баҳри қадршиносӣ изҳори сипос намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*