МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ГРАНТҲО БА ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ГРАНТҲО БА ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

14 декабри соли 2021 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани грантҳои Раиси вилоят ба занони ҳунарманду эҷодкор баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманду эҷодкори шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, 420 ҳазор сомонӣ грант супорид. Аз ҷумла, 15 нафар грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 15 нафар грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 нафар грант дар ҳаҷми 5000 сомониро соҳиб шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими супоридани грантҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Бо мақсади бо шуғли манфиатнок ҷалб намудани занон ва мусоидат дар рушди ҳунармандӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола грантҳои президентӣ ҷудо гардида истодааст. Дар вилояти Суғд низ бо ин мақсад грантҳои Раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки ҳадаф аз он дастгирии занону ҳунарманду эҷодкор мебошад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки занону бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ лоиҳаҳои худро пурра татбиқ намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ мусоидат менамоянд.
Сипас, ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адрас» низ диплом ва мукофотпулиҳо супорида шуд. Фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адрас» бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариши истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд. Ҳакамони фестивал-озмун аз рӯи бахшҳои гуногун ғолибонро муайян намуданд.
Ҳамин тавр Зиёда Муҳаммадиева – тарроҳ аз шаҳри Истаравшан бо Дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” сарфароз гардонида шуда, соҳиби гранти Раиси вилояти Суғд тарроҳони шаҳри Истаравшан Ҳоҷиева Заррина ба маблағи 8000 ҳазор сомонӣ ва Норматова Муҳаббат ба маблағи 5000 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*