МАҲФИЛИ ИЛМӢ – АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ” ДАР ҚИСМҲОИ НИЗОМИИ ҲУДУДИ ШАҲР

15 феврали соли ҷорӣ дар асоси пешниҳоди Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқ намудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи баргузории маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони ” Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” ба истиқболи 29 – умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ мулоқоту вохӯриҳо дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан Қодирӣ Абдусаттор, муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил, сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Истаравшан” Маърупов Акбар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Зокиров Илҳом, сарбозону афсарони қисми низомии шаҳр ва ҷавонони синни даъватӣ ширкат варзиданд.
Сараввал паёми шодбошии раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Адҳам Маъмурзода ба истиқболи 29 – умин солгарди Рӯзи Артиши миллиро ба саъми аскарону афсарони қисмҳои низомии шаҳр ва ҳозирин расонида шуд. Сипас, муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ҳозиринро бо ин ҷашн шодбош гуфта, ба асарону сарбозони шуҷоъи Ватан хизмати содиқонаву софдилона ва рӯзгори ободу осудатамано намуд.
Дар радифи баромадҳо Аюбзода Ҷовид, Зокиров Илҳом, Ҳакимова Мадина ва Аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” Маҳмудҷони Насрулло ибрози ақида намуда, ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва сарбозонро ба хизмати софдилонаву содиқона ҳидоят намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ба ҷавонони синни даъватӣ аз тарафи сарбозону афсарон ҷиҳати бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонони синни даъватӣ ва дарк намудани вазифаи ҷонии худ дар назди Ватан – Модар ҷобаҷогузории қисми аслиҳаҳои ҳарбӣ намоиш дода шуд. Пас аз намоиш меҳмонон аз шарту шароити қисмҳои низомӣ дидан намуданд, ки ҳамаи шароитҳо пурра ба талаботҳои замон ҷавобгӯ буда, ин ҳама нишонаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозон мебошад.
Дар идома сарбозону афсарони фаъоли қисми низомӣ бо сипосномаву туҳфаҳои раиси шаҳри Истаравшан ва Раиси КИ ҲХДТ қадрдонӣ карда шуда, дар фарҷоми маҳфили илмӣ-адабӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри болидахотирии сарбозону наврасон барномаи рангини фарҳангӣ пур аз сурудҳои идона гузошта шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*