Маҷлиси ҷамбастии семоҳаи аввали соли 2020

Аз маҷлиси фаъолон

 

САНОАТИКУНОНӢ – АСОСИ ПЕШРАВӢ

13 апрел таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар маҷлиси фаъолон муовини  раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок дошт.

Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2020 муовини раиси шаҳр Толибҷон Олимҷонзода маърӯза намуда, қайд кард, ки нақшаи умумии тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 48 млн 034,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоӣ) 48 млн 969,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 335,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 100,2 фоиз таъмин гардид ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,0 % таъмин гардида, ба буҷет 25 млн 076 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 501 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Бояд қайд кард, ки аз рӯйи таъмини сифатнокии нақшаи андозҳо дар ин давра 2 намуди андоз аз ҷумла, андоз аз аксиз ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2 млн 929 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.

Дар шаҳри Истаравшан оид ба тараққӣ додани соҳаи саноат, бунёди корхона ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 137 млн 310,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 млн 285,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда,  112,4 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра 2 корхонаи хурди истеҳсолӣ ва 3 корхонаи хурд аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 50 шаҳрванд бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан рафти иҷроиши лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз рӯйи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла, як лоиҳаи мукаммали инвеститсионӣ ба соҳаи коммуналии обу корез аз ҷониби Бонки   Рушди Аврупо ба маблағи 3 млн 699 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби ин маблағҳо марҳила ба марҳила 4 насби 4,1 ҳазор обченкунаки муосир ва дигар намуди корҳо ба сомон расонида мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Истаравшан шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна 13990 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати семоҳаи аввали соли гузашта 229 адад ё 2,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора шахсони ҳуқуқӣ 833, шахсони воқеӣ 13157 нафар мебошанд. Дар шаҳр барои бо шуғл фаро гирифтани захираҳои меҳнатӣ чораҳо андешида мешаванд.

Истифодаи нерӯи барқ дар семоҳаи якуми соли 2020 ба 91 млн 142 ҳазор кВТ баробар гашта,  истифодабарии он нисбати ҳамин давраи соли 2019 107,6%-ро ташкил намуд.

Агар маблағи қарзи пардохтнашуда дар 1.01.2020  43 млн 285,6 ҳазор сомониро ташкил диҳад пас ба 1.04. соли 2020 49 млн 231,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз  ҷумла, қарзи аҳолӣ 32 млн 483,2 ҳазор сомонӣ зиёд гаштааст.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки иқтисодиёти шаҳр ҳисоб ёфта, нақши он дар  таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои саноат бо ашёи хом, баланд бардоштани нерӯи содиротии шаҳр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Мавриди қайд аст, ки дар се моҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 33 млн 601 ҳазор сомониро ташкил дод, ки  аз он 75 ҳазор сомонӣ маҳсулоти зироаткорӣ, 33 млн 526 ҳазор сомонӣ маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол кардаанд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 579,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нақшаи иҷроиш 10419 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи генералии шаҳр то ин давра сохтмони иншооти гуногуни маданӣ, маишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, истиқоматӣ ва истеҳсолӣ амалӣ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи сохтмончиёни шаҳр корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 8 млн 491 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд, ки ҳаҷми афзоиши  он 129,7 фоизро ташкил намуд. Ба кор андохтани  фондҳои асосӣ бошад мутаносибан ба 117,1 фоиз расонида шуда, дар қиёс ба ҳмин давраи соли гузашта 792 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аммо иҷрои сармояи асосӣ коҳиш ёфта, он 97,6 фоизро ташкил намуд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ва баровардани  партовҳои  атрофи идора, роҳ, кӯчаю хиёбон, ҷуйбор, заҳбур, каналу обрав, соҳили дарё, маҳаллаю деҳа, боғу гулгашт, ҷойи ҷамъиятӣ ва иншоотҳо ҳар рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳашарҳо ташкил карда шуданд. Ин аст, ки то баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳр 8 маротиба ҳашарҳо гузаронида шуда, дар он бошандагон, ҷомеаи меҳнатии корхона, муассиса ва ташкилотҳо ҳамзамон аҳолии ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо муташаккилона иштирок намуданд.

Дар рафти маҷлис раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқро таҳлил намуда, баробари пешравиҳо, инчунин ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

Муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаи рушди иқтисод ва савдо, сардорони Раёсати молия, идораи нозироти андоз, омор, сармеъмор,  идораи кишоварзӣ,  раёсатҳои маорифу тандурустӣ, МНДСЭ, идораи хоҷагии об, раисони ҷамоатҳои деҳот, комиссари ҳарбии шаҳр, мудирони бахши кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Хадамоти муҳоҷират, бахши ҷавонон ва варзиш, идораи замин, КДФ бақайдгирии амволи ғариманқул, сардори КВД «Лоиҳакаш» вобаста ба сабаби иҷро нагаштани 2 намуди андоз, кам кардани бақияпулии андоз, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташкили корхонаҳои хурду миёна, ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани кишти баҳорӣ, аз ҷумла кишти картошкаи барвақтӣ,  бунёди боғу ток, пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус, бурдани корҳои  таблиғотӣ вобаста ба ин беморӣ, банақшагирии рушди деҳот, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисон  ба соҳа ва зиёд кардани воҳиди корӣ дар муассисаҳои тиббии деҳот, ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи маориф, беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ саривақт ҷамъоварӣ намудани маблағи коммуналӣ, баровардани партов, шинондани гулу буттаҳои мавсимӣ ва рафти даъвати баҳорӣ аз ҷониби раиси шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Амирхон Қурбонзода изҳор кард, ки заҳматкашони Истаравшан ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, бо меҳнати арзанда сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нақшаи таҳррезишуда сидқидилона фаъолият мебаранд.

Дар маҷлиси фаъолон муовини раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода баромад намуд.

Маҷлиси фаъолонро раиси шаҳр ҷамъбаст кард.

        Ӯктами Нурулло

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*