Мулоқоти навбатӣ доир ба тарғиби муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, доир ба гузаронидани вохӯрии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 2 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказӣ, Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва толори муассисаи таълимии №64 – и шаҳри Истаравшан мулоқоти навбатӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируза Муъминова, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ҷурабек Исомиддинов ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Точикистон Ботурҷон Олимов бо табибон, омӯзгорон ва директорони муссисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъулин доир ба нуқтаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонид. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба соҳаи маориф ва илм низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дастур доданд, ки ҳамасола шумораи донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ду баробар зиёд карда шавад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад ва дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шавад. Президенти кишвар ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон дастуру супориш доданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки маблағгузорӣ ва мукофотпулии озмунҳои мазкур боз ҳам баланд бардошта шавад.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Тибқи нақша мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо низ идома доранд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*