Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони шаҳри Истаравшан

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони шаҳри Истаравшан
11 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Истаравшан мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми январи соли равон ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳру навоҳӣ мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон баргузор гардида истодааст.
Бо ёдоварӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2020 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд. Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ изҳор доштанд, «дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид. Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем”.
Раиси вилоят зимни ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат илова намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон изҳор дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.
Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 миллиарду 821 миллион сомонӣ расонида шуд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин давраи соли 2019 мебошад.
Раиси вилоят бо назардошти имконот ва зарфиятҳои шаҳри Истаравшан ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои нав, истифодаи самараноки замин, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон дастуру супоришҳо дод.
Дар мулоқот сокинони шаҳри Истаравшан Фархунда Азизова, Файзулло Маҷидов, Толиб Воҳидов ва Манзура Ҳамдамова суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору фаъолит қарор дода, барои амалӣ гардидани супоришҳои дар Паём зикршуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*