Мулоқот дар мавзӯъи терроризму экстремизм

 

Дар толори ҷамоати деҳоти «Қалаъчаи калон» бо иштироки намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан мулоқот дар мавзӯъҳои гуногуни аҳамияти муҳимдошта доир гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар сокинони ҷамоат иштирок доштанд.

Муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода, сардори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода ва коргузори шӯъбаи мазкур Бобоева оиди одоби оиладорӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Фирӯза Мӯъминова ва мудири идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Дилрабо Раҳматова оиди пешгирии барҳамхурии оила ва муовини раиси ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон» Каромат Саъдиева дар мавзӯъи терроризму экстремизм баромад намуданд.

Қайд гашт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ меҳисобад ва барои тақвияти минбаъдаи байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.

Имрӯзҳо гуруҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Руссия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машùулият ва даромади муносиб ва бо пешниҳоди «Ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд бо ақидаҳои  бунёдгароёнаи худ  занону духтарон ва ҷанононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд.

Бинобар ин имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани наслҳои ҷавон шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштан аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

                                              Шавкат Ҳасанов, рӯзноманигор

Ҷомеа ва замон

Ҷавнонро ки ифроти мекунад?

Терроризму экстремизм яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар мулоқотҳои дохиливу бурунмарзӣ баррасӣ ва роҳҳои пешгирии он пешниҳод мешавад. Новобаста ба ин, ҳамоно тариқи ВАО ё расонаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза оид ба мавзӯи зикршуда иттилоъҳо паҳн мегардад.

Интизорӣ, фироқ, муҳтоҷӣ, маҳрумӣ

Аксари ба ҳизбу гурӯҳҳои хафанок шомилшудагон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, намояндагони  насли миёнсол ва ҷавононанд. Онҳо боре намеандешанд, ки дуриашон боиси раҳпойии волидон, фироқи ҳамсарон, ба меҳру навозиш муҳтоҷ шудани фарзандон мегардад. Бар замми ин, зумрае аз онҳо ҳамсару кӯдакони худро низ ба ин чоҳи марг мекашанд. Аз зиндагии  оилаи худ дар Афғонистон нақл кардани  Абдулло Ҳошимови 11-сола, ки дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Падар – ифротӣ, фарзанд маъюбу модар ғӯрамарг» (№ 27(1330), 3 июли 2019, муаллиф: Фарзона Муродӣ) дарҷ гардидааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ӯро падару модар дар 2,5 солагӣ ба Покистону Афғонистон бурда, ба ҷои сабақ омӯзонидан истифодаи яроқу аслиҳа ва моддаҳои таркандаро ёд медиҳанд. Аз 9-солагӣ инҷониб на мурда ва на зинда будани волидонашро медонад. Ҳамчунин гумроҳии падару модар сабаби аз ду пой ҷудо гардидани Абдуллову азоби алим кашидани хоҳаронаш мешавад, яъне подоши амалҳои номатлуби волидонро фарзандон мебинанд.

Фиребхӯрдагон баъди аз Ватану наздикон дур шудан ба қадрашон мерасанд. Пушаймонии онҳоро аз суханони Фаррух Шарифов дар навори «Сад пушаймонӣ аз Сурия» (аз ҷониби ВКД ҶТ соли 2015 гирифта шудааст) дарк карда метавонем: – Аз ғамгинӣ гиряам меомад. Гумон мекардам дигар модарамро намебинам…

Чунин воқеаҳоро бисёр мисол овардан мумкин.  Вале чаро ин гуна ҳолатҳо рӯз то рӯз бештар ба назар мерасанд? Аз нодонӣ ё гумроҳӣ? Сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидани иддае аз ҷавонон саводи кофии дунявию динӣ надоштан ва пойбанди нафс шуданашон мебошад. Зеро бештари гумроҳон зинаи ибтидоии таҳсилро фаро гирифта, сипас ба илми динӣ рӯй овардаанд. Маълум мешавад, ки ҳатто илми диниро низ пурра фаро нагирифтаанд, чунки дини мубини ислом мардумро ба ростиву росткорӣ садоқату меҳрубонӣ ҳидоят менамояд, на ба одамкушӣ. Сабаби ин беаҳамиятии бархе волидон нисбат ба илмомӯзии фарзандонашон аст. Аз ин рӯ, падари Абдулло баринҳо фирефтаи ваъдаҳои холии хоҷагон шуда, барои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ кӯмак расонида, ба халқу кишвар хиёнат мекунанд.

«Ҳа-а-а, ба Русия рафта, кор мекунам-дия»

Вақте ба хатмкунандагони дабистон савол медиҳем: «Минбаъд чӣ нақша ё мақсад доред?», мутаассифона, шумори ками ҷавонон нақша ва мақсадҳои аниқи худро иброз мекунанд. Аксар китф дар ҳам кашида хомӯш мемонанд, ё ба падару модар такя мекунанд ва ё мегӯянд: «Ҳа-а-а, ба Русия рафта, кор мекунам-дия». Ҳол он ки мақсади муайян доштану барои амалӣ намудани он тибқи нақша кор кардан зинаи аввалини ба муваффақият ноил шудан мебошад. Аз ҷавобҳои аксари хатмкунандагон бармеояд, ки давоми мактабхонӣ назди худ мақсад гузошта, нақшаи расидан ба онро тарҳрезӣ нанамудаанд. Бар замми ин зумрае аз волидон, гарчи фарзандонашон касбу кори аниқ надоранд, онҳоро оиладор мекунанд. Дар ин ҳол ҷавонон барои таъмини шароити моддии оила мушкилӣ мекашанд. Дар нимароҳи ҳаёт чи кор карданро намедонанд. Бо умеди дар муддати кӯтоҳ ба даст овардани маблағи зиёд корҳои зидди сиёсати давлатро иҷро намуда, ба мардуму мамлакат зарари маънавию моддӣ мерасонанд. Ҳатто дар ин роҳ «шаҳид» мешаванд. Ин ҷой саволе матраҳ аст: – Сабабгори нақшаи аниқ надоштани бархе аз ҷавонон кистанд? Ҳам ҷавонон ва ҳам падару модарон, зеро омӯзгорон ба хонандагон тартиб додани нақшаи рӯз ва аз рӯйи он амал намуданро, ки оғози тарҳрезии нақшаҳои бузург аст, меомӯзонанд. Қисме аз волидон низ тартиби мазкурро барои фарзандонашон ҷорӣ ва риояи онро талаб менамоянд. Аммо на ҳама фарзанд ин корро мекунад. Аз сӯйи дигар баъзеи волидон ё дигар аъзои оила тибқи нақша кор карда, бо роҳи нисбатан осонтар ба мақсад расиданро ба фарзандонашон нишон намедиҳанд.

Бархе ҷавонон пойбанди нафсанд

Қисме аз ҷавонон мехоҳанд хонаҳои қасрмонанд дошта бошанд. Албатта, барои соҳиби чунин хонаҳо гардидан заҳмати бисёру маблағи зиёд мебояд. Ҷавонони соҳибкасб бо маблағи аз паси ҳунари худ ба даст овардаашон, ҷавонони комилсавод дар кишварҳои бурунмарзӣ ҷойи мувофиқи кор ёфта, оҳиста – оҳиста ҳамин орзуяшонро амалӣ месозанд. Ҷавононе ки саводи хуб надоранд, соҳибкасбу соҳибҳунар нестанд, баҳри расидан ба ин орзу душворӣ мекашанд. Ин аст, ки пойбанди нафс мешаванду худро ба ҳар кӯю дар мезананд, аз ҷумла ба суханони беасоси намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ бовар намуда, узви гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. Чаро?  Чунки онҳо насиҳатҳои бузургони оилаву ҷамъиятро ҳалқа бар гӯш нанамудаанд. Бар иззати нафси касе расиданӣ нестему баъзеи волидон ё дигар аъзои оила ба наврасону ҷавонон «оянда бори зиндагӣ бар дӯши туст, бояд оиларо ҳарҷониба таъмин намоӣ»- мегӯянду вале роҳи дурусти пулёбиро нишон намедиҳанд.

Беҳтар мебуд калонсолон дар бобати таъминоти модии оила ба насли наврас ва ҷавон роҳҳои дурусти пулёбиро нишон диҳанд.  Зикр бояд кард, ки дар замони муосир ҳам ҷавонони муваффақ зиёданд. Агар ҷавонони дар нимароҳ монда ҳам ба гуфтаҳои бузургон гӯш диҳанду ҳам аз таҷрибаҳои ҳамсолони муваффақи худ истифода баранд, нуран алонур мегардад.

            Ононе, ки ихтиёрӣ аз иҷрои корҳои зидди сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст мекашанд ва дар кирдори худ аломатҳои дигар ҷиноятҳоро надоранд, ба Ватан баргардонида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Зеро дар моддаи 4011-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад» 

Мижгонаи Зафардухт, рӯзноманигор

 

 

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*