Мулоқот оиди заминҳои бекорхобида

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат оиди холӣ нагузоштани заминҳои корам, самаранок истифода бурдани заминҳои бекорхобида,
шинонидани дарахтҳо ва бунёди боғҳои нав, имрӯз гурӯҳи корӣ таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода бо сокинон мулоқотҳо гузаронида, инчунин, ба деҳқонон ҷиҳати тарзи дурусти шинонидани дарахтҳо, шаклдиҳии он, таъмини саривақтии заминҳо бо пору ва ғайра маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати бунёди сифатноки боғҳо бо риояи талаботи аграрӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ оиди гигиена баҳри пешгирии бемориҳои гуногун тақсим карда шуда, дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон маслиҳатҳо дода шуд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*