Натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети шаҳри Истаравшан дар соли 2019

Маълумотнома

Дар бораи натиҷаи фаъолияти молиявӣ ва иҷрои буҷети шаҳри Истаравшан дар соли 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан фаъолияти худро  баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми таърихиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардидаанд, равона намуда барои дар амал татбиқ намуда бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум  равона кардааст.

Таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нишон медиҳад, ки дар ин давра ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёби гардиданд.

Таҳлили иҷрои нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки дар ҷамъбасти соли 2019 ҳаҷми маҳcулоти умумии минтақавӣ дар шаҳр ба 1734,8 млн. сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 110,3 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба маблағи 529,2 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 121,9 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 1205,7 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 106,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми гардиши мол дар ин давра ба 1486,3 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 276,1 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 103,8 ва 100,1 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷа нақшаи даромадҳои буҷети умумии шаҳр (бо назардошти андози иҷтимоӣ) дар соли 2019 бо назардошти воридоти тағйироту иловаҳо ба андозаи 102,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 196,7 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои гуногун ворид гардид, ки нисбат ба нақша 4194,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 млн. сомонӣ (20,3 фоиз) зиёд мебошад.

Таҳлилҳои воридот ба буҷет аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар соли 2019 бо назардошти фонди ҳифзи иҷтимои аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ ба буҷети давлатӣ 49524,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 25,6 фоизи маблағи умумии воридоти аслии буҷети давлатиро ташкил медиҳад, воридот аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ бошад 9920,6 ҳазор сомонӣ, ки он 5,1 фоизи маблағи умумии воридоти аслии буҷети давлатиро ташкил додааст, инчунин нисбати воридоти аслии умуми ҳиссаи аҳолӣ 16,9 фоиз, 3,7 фоиз ба тандурустӣ, 3,9 фоиз ба бонкҳо, 0,2 фоиз ба соҳаи нақлиёт, 0,5 фоиз ба алоқа, 0,7 фоиз ба сохтмон, 1,4 фоиз барки точик ва ба дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ 42,1 фоиз таалуқ доранд.

       Мувофиқи маълумоти нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра ба андозаи 101,0 фоиз ва ба маблағи 47,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 99,0 фоиз ё ба маблағи 21,7 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғарйибуҷетӣ ба андозаи 103,0 фоиз ё ба маблағи 26,1 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, тибқи ҳисоботи шӯъбаи хазинадории Раёсати молия дар шаҳри Истаравшан маблағгузории ГИБ 2121 «Суғуртаи иҷтимоӣ» (андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ) маблағи 19,4 млн. сомонӣ ва иҷрои нақшаи пешбинишуда 99,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар шаҳр қарордошта ворид гардиданд, ба маблағи 37135,7 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд.

Нақшаи аниқшудаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 100,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 111,7 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 45,9 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2018 ба маблағи 15,1 млн сомонӣ ё 15,6 фоиз зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумотҳо нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба андозаи 100,0 фоиз ва ба маблағи 112,3 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 12965,8 ҳазор сомонӣ ё 13,0 фоиз зиёд мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ дар соли 2019 низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маорифу нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур беш аз 101586,5 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки баробари 90,4 фоизи ҷамъи хароҷотҳои гузаронидаи буҷети маҳаллӣ мебошад. Маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум ба андозаи 16,9 фоиз ва ба маблағи 14681,5 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаи маориф 70,7 млн. сомонӣ равона гардид, ки нисбати нақшаи 18,7 ҳазор сомонӣ кам пардохт гардида, нисбат ба соли қаблӣ 9290,4 ҳазор сомонӣ ё 15,1 фоиз зиёд мебошад.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ 29,5 млн. сомонӣ равона гардида, нисбат ба соли қаблӣ 5307,8 ҳазор сомонӣ ё 21,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ  3666,2 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизи нақша, мудофиа 232,4 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизи нақша, ҳифзи ҳуқуқ 194,4 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизи нақша, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1329,0 ҳазор сомонӣ ё 99,9 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 3232,0 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоиз, фарҳанг ва варзиш 3104,5 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоиз, кишоварзӣ 341,0 ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизро дар бар гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет аз он чумла фонди музди мехнат, стипендия, кумакпулиҳо, нафака ва хизматрасониҳои коммунали 98806,7 хазор сомони маблаггузори карда шудааст, ки 87,9 фоизи харочоти умумиро ташкил медихад.

Дар соли 2019 дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат ва маош ба маблағи умумии 77140,0 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва пурра пардохт гардида, фонди музди меҳнат барои моҳи декабр ҳисобшуда ба маблағи умумии 8109,4 ҳазор сомонӣ пардохт гардид. Инчунин, дар ин давра дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҳиссаҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ба маблағи умумии 19410,1 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва пардохт гардидааст.

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*