Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”

Имрӯз дар Қасри ҷавонон ва наврасони шаҳри Истаравшан даври шаҳрии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор шуд, ки дар он дар 3 номинатсия 50 нафар довталабон иштирок намуданд.
Дипломи дараҷаи 3-юм аз руйи номинатсияи “Сарояндагии эстрадӣ” насиби Эркин Муҳаммадиев гашта, ҷойи дуюмро Рамжет Мазбутов ва ҷойи якумро Холматов Фаррух созовор шуданд.
Отабоев Сардор ва Ҳаитов Иршод дар номинатсияи “Навозандагии академикӣ” ҷойи сеюм, Сангинов Отаҷон ҷойи 2-юм ва Ашӯров Дилмурод ҷойи якумро ишғол намуданд.
Дар жанри эстрада ҷойи сеюм – Ҷалолов Бахтовар, ҷойи дуюм Шарифзода Давлат ва ҷойи якумро Воҳидов Шоҳрух ва Аҳроров Азимҷон ишғол намуданд.
Дар ҷамбаст аз ҷониби муовини раиси шаҳр Н. Наимҷонзода диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳр тақлим карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*