ОРОСТАНИ ДАСТУРХОНИ ИДОНА БАРОИ ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ, ХОНАИ КӮДАКОН ВА МАЪЮБОНИ ШАҲР

9 сентябри соли равон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарабхонаи “Гули Сурх” барномаи фарҳангӣ ва дастурхони идона барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати шаҳр ва кӯдакони маъюб баргузор гардид.

Дастархони идона аз ҷониби соҳибкори шинохта Абдуғаффоров Ҳоҷӣ Замир ороста шуда, барои 60 нафар маъюбон, 24 нафар кӯдакон ва 114 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати шаҳри Истаравшан тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ бо тантана аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз супорида шуд.

Дар чорабинии идона баҳри болидахотирии кӯдакон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*