ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ ДАР МАҲАЛЛАИ “ОБОДӢ”

ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ ДАР МАҲАЛЛАИ “ОБОДӢ”

Дар идомаи корҳои ободонӣ, ки зимни омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан оғоз шудааст, бо иқдом ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон дар маҳаллаи “Ободӣ”-и деҳоти Гули сурх ба корҳои мумфаршкунии роҳи асосии маҳаллаи мазкур ифтитоҳ бахшида шуд.
Дар ин тадбир раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, собиқадорони меҳнат ва фаъолони маҳалла ширкат варзиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи иқдоми пешгирифта зиёда аз 3 км роҳҳои маҳаллӣ бо истифода аз техникаҳои муосир мумфарш карда шуда, кучаи маҳаллаи “Ободӣ” пурра ва то маҳаллаи “Шонатарошон”-ро фаро мегирад.
Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ дар доираи ҷашн бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми соҳибкорону сокинони шаҳр даҳҳо километр роҳҳои маҳаллӣ пурра мумфарш гардиданд, ки дар ин самт сокинони ватандусти маҳаллаҳои деҳоти Гули сурх қобили зикр мебошанд.

Дафтари матбуотии раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*