Оғози сафари кории Пешвои муаззами миллат дар вилояти Суғд

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд
07.04.2021
7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як силсила иншоти таъиноти гуногун бунёд ва тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*