РАСОНИДАНИ КУМАКҲОИ ЯКВАҚТАИ МОЛИЯВӢ БА СОБИҚАДОРОНИ ШАҲР АЗ НОМИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА КУДАКОН

РАСОНИДАНИ КУМАКҲОИ ЯКВАҚТАИ МОЛИЯВӢ БА СОБИҚАДОРОНИ ШАҲР АЗ НОМИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА КУДАКОН

Ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан як қатор чорабиниҳои идона баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан Қодирӣ Абдусаттор ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода ширкат варзиданд.
Нахуст дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими қадрдонии 7 нафар собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода ба собиқадорон паёми шодбошӣ ва кӯмаки яквақтаи молиявии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ расонида, зикр намуд, ки собиқадорони меҳнат хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат ба ҳисоб рафта, хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон беназир аст. Собиқадорони меҳнат аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардида, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории самимонаи хешро баён намуданд.
Сипас, роҳбарият ба Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан “Фарзанди Ватан” ташриф оварда, тарбиятгирандагони муассисаи мазкурро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуданд. Ба кӯдакон аз номи раиси вилояти Суғд тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда,баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд. Дар навбати худ аз ҷониби кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ, шеъру сурудҳо дар васфи Ватан – модар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамзамон бахшида ба ҷашн бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдузамир Абдуғаффоров барои тарбиятгирандагони мактаб интернати шаҳр дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба кӯдакони ятим паёми шодбошӣ ва тӯҳфаҳои идонаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода расонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

                

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*