РАСОНИДАНИ КӮМАКИ ЯКВАҚТА БА КОРМАНДОНИ КФД ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОМУНАЛИИ ШАҲР ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат 28 декабри соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба КФД Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Истаравшан ташриф оварда, кулли кормандони корхонаи мазкурро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуд ва изҳори миннатдории хешро барои фаъолияти шабонарӯзиашон баён кард.

Айни замон дар КФД Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Истаравшан 88 нафар фаъолият дошта, ҳамарӯза баҳри тозагию ободонии шаҳр ва ороста намудани кўчаву хиёбонҳо саҳми назаррас доранд.
Аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба кулли кормандони корхонаи мазкур кӯмакҳои яквақтаина аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва биринҷ расонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*