Рӯзи омӯзгор

Ҳамасола якшанбеи аввали  моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи касбии омӯзгорон  ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар майдони “Парчам”-и шаҳри Истаравшан ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр Н.Наимҷонзода баргузор шуд.

Сардори раёсати маорифи шаҳр Д. Азимов, Сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” Б. Ҳамдамов ва раиси КИШ ҲҲДТ дар шаҳри Истаравшан К. Мирзоев ҳамаи омузгоронро бо иди касбиашон муборакбод намуда қайд намуданд, ки “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Самаранок  ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
Дар хотима ба омӯзгорони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*