САРБОЗОНУ АФСАРОН СОЛИ НАВРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

Субҳи 31 декабри соли 2021 раиси шаҳри Истаравшан ба қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ташриф оварда, афсарону сарбозонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуд.

Зимни суханронии хеш раиси шаҳри Истаравшан зикр дошт, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан, амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб ёфта, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
– Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзҳои Ватани азизамонро ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд, – қайд намуд, Адҳам Маъмурзода.
Ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба афсарону сарбозон дастурхони идона ороста шуда, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*