Ситод бо иштироки роҳбарони бозорҳо

Пас аз видеоконференсия ва дастуру супоришҳои муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ализода Самариддин,
23 сентябри соли равон дар толори МИҲД-и шаҳр ситоди фаврӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои санитарию эпидемиологӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси нав баргузор гардид. Дар ситод роҳбари бозори марказӣ Саидзода Бахтиёр, роҳбари ҷамъияти тоҷикматлубот Қосимов А, ҶДММ “Гуштингир” Орипов Даврон, ҶДММ оҳангар, ҶДММ “Исроил М.”, Шамсиев Набӣ, соҳибкори инфиродӣ Бақоев Идрисхон, намояндагони МНДСЭ ва беморхонаи шаҳрӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби муовинони раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ва Толиб Олимҷонзода ба роҳбарони бозорҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои санитарию эпидемиологӣ, риояи реҷаи ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ дастури қатъӣ дода шуд. Инчунин супориш дода шуд, ки дар назди дарвозаи бозорҳо шахсони масъул назоратро ҷиҳати риояи реҷаи ниқоб пурзӯр намуда.
Таъкид гардид, ки чораҳои безараргардонӣ дар ҳамаи дӯкону мағозаҳо ба таври қатъӣ ба роҳ монда шавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*