Ташрифи саёҳон

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар мебошад, ки дар Тоҷикистон солҳои охир босуръат рушд карда истодааст.  Ҳукумати Ҷумҳурӣ соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ эълон намудаст. Аз ин лиҳоз ташрифи меҳмонон барои тамошои ёдгориҳои таърихӣ зиёд шуда, «Қалъаи Муғ»-и Истаравшан дар ҷаҳон муаррифӣ гардид. Имрӯз барои боздиди ин маҷмааи таърихӣ як гурӯҳ ҷавонон, донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда аз таърихи он аз наздик шиносойӣ пайдо намуданд.

Меҳмононро муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ва инчунин ҷавонони фаъоли истаравшандиёр, чун анъана, бо нону асал пешвоз гирифтанд.

Гуфта шуд, ки меҳмонон аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурӣ низ дидан намуда, бо табиати зебои Тоҷикистон аз наздик шиносоӣ пайдо мекунанд.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*