ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

9 апрели соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шарифзода Ғолиб маросими муаррифии муовини раиси шаҳр оид ба самти иҷтимоӣ доир гардид.

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 апрели соли 2022, №15/1-10 ва қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 8 апрели соли 2022, №4 Муъминзода Фирӯза Исроил ба мансаби муовини раиси шаҳр таъин карда шуд.

Муъминзода Фирӯза Исроил 29 ноябри соли 1974 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст.

Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгор хатм намудааст.

Фаъолияти кории худро соли 1998 ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 оғоз намуда, аз соли 2017 то 7 апрели соли 2022 вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшанрр бар уҳда дошт.

Аъзои ҲХДТ буда, аз соли 2020 то ҳол узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*