ТУҲМАТИ ХОИНОН БА МАРДУМИ ИСТАРАВШАН

ТУҲМАТИ ХОИНОН БА МАРДУМИ ИСТАРАВШАН

Сомонаи иғвоангези “паём.нет”, ки аз ҷониби хоинони миллату давлат тавассути маблағгузории хоҷаҳояшон аз хориҷи кишвар идора мешавад, бо нашри маводи навбатии беасосу ғаразонаи хеш “Мухолифати истаравшаниҳо ба заминфурӯшони давлатӣ” ба мардуми Истаравшан туҳмат кардааст.
Пеш аз ҳама, хоинони миллат, ки бо чунин шеваи маҳалгароӣ боиси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буданд, то ҳанӯз аз тафаккури ифротиашон даст накашида, “истаравшаниҳо” гӯён лаҳни маҳалгароӣ истифода кардаанд.
Баъдан, чун тамоми вуҷудашон ба миллату давлат ихтилоф дорад, ба мардуми Истаравшани бостонӣ туҳматомезона истилоҳи “Мухолифат”-ро истифода карда, ҳамзамон беҳтарин футболбози дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротовро низ зери буҳтон қарор додаанд.
Вобаста ба масъалаи замин бояд қайд кард, ки бо мақсади таъмини шароити фароғатӣ барои насли наврас ва дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати обод намудани деҳаҳо тибқи қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 31 декабри соли 2018, №541 ба Баротов Илҳом аз ҳудуди деҳоти “Пошкент”-и шаҳри Истаравшан 0,45 га (на 0,70) замин барои бунёди маҷмааи варзишӣ ҷудо гардидааст.
Баротов Илҳом капитани дастаи футболи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан буда, дар дастаи мунтахаби футболи кишвар низ шомил мебошад ва яке аз футболбозони беҳтарин дар ҷумҳурӣ шинохта шудааст.
Бинобар ҳавасмандгардонии варзишгар ва муҳайё кардани шароити машқварзии ҷавонону наврасон, аз ҷумла ҷалби онҳо ба футбол иқдоми мазкур роҳандозӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Баротов Илҳом тибқи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, ки аз якчанд майдончаи варзишӣ ва мавзеи фароғатӣ иборат аст, омода гардидааст.
Мутаассифона, бо мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла барои ғайриқонунӣ ғасб намудани замин, бархе аз сокинони деҳаи Сепула, ки замини болозикр дар ҳудуди ин деҳа мебошад, аз соли 2018 инҷониб ба оғози корҳои сохтмонӣ монеаҳои сунъӣ эҷод карда, бо ин мақсад сокинони деҳаро низ ҷалб намудаанд ва охирин ҳодисае, ки навори он мақсаднок нашр гардид, идомаи ҳамон монеаэҷодкуниҳои сунъӣ мебошад.
Новобаста аз ин, субҳи 18 декабри соли 2021 роҳбарияти шаҳри Истаравшан дар деҳаи Сепула бо сокинон мулоқот анҷом дода, моҳияти масъаларо баррасӣ кард ва ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин амалҳоро қотеона таъкид намуданд.

Бо истифода аз фурсат аз кулли хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна маводҳои ғаразноку буҳтонангези хоинон дода нашаванд.