ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЧАКОМАИ ГЕСӮ” БАРГУЗОР ГАРДИД

ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЧАКОМАИ ГЕСӮ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, Қарори раиси вилояти Суғд ва Қарори раиси шаҳр аз 3-юми феврали соли 2021, бо мақсади муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, тарғибу ташвиқи маросими анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 12 феврали соли равон бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фестивал- озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” баргузор гардид.
Дар Фестивал – озмуни мазкур иштирокчиён аз рӯи панҷ бахш маҳорати худро намоиш доданд:
1. Ороиш ва мӯйбофии қадима
2. Олами афсона
3. Ороиш ва мӯйбофии замони муосир
4. Ороиш ва мӯйбофии кӯдакона
5. Намоиши гесӯи дарозтарин
Дар ифтитоҳ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фирӯза Мӯъминова иштирокдоронро шодбош гуфта, қайд намуд, ки имрӯз нақши зан дар ҷомеа бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардошта шуда, занону бонувон, барои пешрафт ва ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Фестивал-озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба меъроси бойи таърихиву фарҳангӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, гесӯвони дароз ва ороишу парвариши мӯйи бонувон, барои беҳтар гардонидани вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Пешвои муаззами миллат баргузор гардида истодааст.
Дар ҷараёни баргузории фестивал бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо намоиши саҳначаҳои ҷолиб, маросими арӯсбарон аз эҷодиёти халқ, таронаҳои дилнишин аз қабили бадеҳахонӣ, фолклорсароӣ, саломномахонӣ ва дигар суннатҳои миллии мардумӣ таъби меҳмонон ва иштирокчиёнро болида намуданд.
Дар ҷамъбаст ғолибони Фестивал – озмуни “Чакомаи гесӯ” аз ҷониби аъзои ҳакамон муайян карда шуда, дар натиҷа ҷои аввал аз рӯи бахши намоиши гесӯи дарозтарин насиби Ҳоҷизода Иззатой бо дарозии муйи 1м 70см, аз рӯи бахши ороиш ва мӯйбофии қадима ҷойи дуюм насиби Мирбобоева Муъмина ва ҷои сеюм аз руи бахши ороиш ва мӯйбофии замони муосир насиби Азиза Обидова гардид, ки бо дипломҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон аз рӯи бахши ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин соҳибхоназан аз ҷамоати деҳоти дурдасттарин “Нофароҷ” Нилуфар Ҳамдамова, иштирокчии хурдтарин Руқия Сангинова тарбиятгирандаи боғчаи бачагонаи №3, Маликабонуи Мирзо аз руӣ бахши олами афсона ва аз рӯи бахши ороиш ва мӯйбофии кӯдакона Маҳина Исмоилова ғолибиятро ба даст оварда, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*