ФУРӮШИ АНГИШТ БО НАРХҲОИ ДАСТРАС

ФУРӮШИ АНГИШТ БО НАРХҲОИ ДАСТРАС

Шурӯъ аз субҳи имрӯз дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон дар шаҳри Истаравшан ярмарка-фурӯши ангишт гузаронида мешавад.
Дар ярмарка конҳои истеҳсоли ангишт бевосита ангиштро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.
Макони баргузории ярмарка назди бозори «Ҳоҷӣ Ҳаит», назди варзишгоҳи марказии шаҳр ва идораи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» муқаррар гардида, сокинон метавонанд аз ин нуқтаҳо давоми ду рӯз яъне то санаи 24 декабри соли равон ангиштро бо нархи арзон ва сифати хуб харидорӣ намоянд.
МАРҲАМАТ БА ЯРМАРКА-ФУРӮШИ АНГИШТ!

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*