Хишти аввал барои сохтмони биноҳи нави хонаи кудакон

Имрузҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо таҳия шуда ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф сохтмони яқ қатор иншоотҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудааст. Мусаллам аст, ки дар радифи ин пешравиҳо сохтмони хонаи кӯдакони шаҳри Истаравшан, ки бинои он солҳои 40-уми қарни гузашта сохта шуда буд ва то ин вақт ба ҳолати садамавӣ рӯй оварда буд аз мадди назари давлату ҳукумат дур намонд. Санаи 09 июли соли 2019 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Амирхон Қурбонзода, академикҳо Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳкам Маҳмудзода барои сохтмони бинои нави хонаи кӯдакони шаҳри Истаравшан хишти аввал гузошта шуд.

Масоҳати бинои дуошёна 528 метри мураббаъро ташкил дода, дар он бунёди 4 ҳуҷраи кӯдакон, 8 ҳуҷраи кормандон, толори бозиҳо, 2 ошхона ва нуқтаҳои дигари хизматрасон дар назар дошта шудааст.

Бинои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ инчунин академик Ӯлмас Мирсаидов сохта мешавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*