ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲОИ ОРОИШӢ ДАР ШАФАТИ ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ИСТАРАВШАН

Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободонӣ аз ҷумла маъракаи кабудизоркунӣ, шинондани дарахтони ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар шаҳри Истаравшан ба ҳукми анъана даромада, корҳо дар ин самт рӯз то рӯз вусъат ёфта истодааст.

Дар ин замина 28 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси сокинони деҳаи “Оби зулол”-и деҳоти Нофароҷ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Истаравшан ниҳолҳои ороишии арчаи навъи “Туя” шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ширкат варзида, масъулини идораҳои марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро тақвият бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур идома ёфта, сокинони деҳоти “Нофароҷ” тасмим гирифтаанд, ки қад-қади шоҳроҳро бо ниҳолҳои ороишӣ таъмин намоянд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*