ШИНОСОИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ВАЗЪИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

ШИНОСОИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ВАЗЪИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”
Субҳи 13 феврали соли 2021 дар доираи нақшаи корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷамоати деҳоти “Гули Сурх” боздид намуда, бо шароити зисти сокинони деҳаҳо, ҷараёни бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва вазъи муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.
Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” 48853 нафар аҳолӣ дошта, дар ҳудуди ҷамоат 17 деҳа, 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 маркази саломатӣ, 7 хонаи саломатӣ, 4 адад китобхона, хонаи фарҳанг,12 майдончаи варзишӣ, 3 толори варзишӣ ва 7345 хоҷагӣ мавҷуд мебошад.
Сокинони деҳот асосан ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, дар ҳудуди он 1200 хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфта, дорои 974234 га майдони умумӣ, 277,39 га заминҳои обӣ, 321,27 га боғҳо, 778 га майдони токзор ва 43,5 га майдони тутзор мебошад.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*