ШИНОСОИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО ВАЗЪИ БИНОҲОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №47-И ДЕҲАИ ҶАВКАНДАК

Субҳи 20 апрели соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз вазъи биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47, ки дар деҳаи Ҷавкандак ҷойгир аст, шинос шуд.

Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, муассисаи мазкур аз 5 бинои таълимӣ иборат буда, шуруъ аз солҳои 50-уми асри гузашта асосан ба таври ҳашар дар давраҳои мухталиф бунёд шудаанд. Аз ҷумла, яке аз биноҳои ин муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, раванди таҳсил дар он боздошта шудааст.
Дар муассиса зиёда аз як ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2021 бо дастгирии сокинони деҳа ва кумитаи падару модарон як толори варзишӣ дар назди муассиса сохта, ба истифода дода шудааст.
Баъди шиносоӣ бо вазъи биноҳои таълимӣ ва ҷараёни иштироки хонандагон дар дарсҳо, раиси шаҳри Истаравшан бо ҳайати омузгорон, масъулини ҷамоати деҳоти “Ҷавкандак” ва намояндаи кумитаи падару модарон суҳбат доир намуд.
Нахуст оид ба сифати таълиму тарбия ибрози андеша карда, баъдан вобаста ба роҳҳои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби кумитаи падару модарон барои бунёди як бинои иловагии таълимӣ, ки аз ду ошёна ва 18 синфхона иборат аст, лоиҳаи ангоравӣ омода шудааст.
Бинобар ин, барои аз байн бурдани бинои садамавии мавҷуда аз тарафи раиси шаҳри Истаравшан иҷозат дода шуда, барои вусъати корҳои сохтмонӣ бо собиқ хатмкунандагони ҳамин муассиса ва ҷалби соҳибкорону сокинони деҳа тавсия дода шуд.
Аз ҷониби раиси шаҳр таъкид гардид, ки дар мавриди бунёд гардидани бинои иловагӣ таҷҳизоту лавозимоти он пурра аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмин карда мешавад.
Дар ҷамъбаст омузгорони муассиса, фаъолони деҳа ва дигарон баромад карда, барои ислоҳи камбудиҳо, тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ, ба воя расонидани ҷавонону наврасон бо руҳияи худшиносиву худогоҳӣ таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

       

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*