ЭЪЛОН: ЯРМАРКА-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ЭЪЛОН: ЯРМАРКА-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан санаҳои 25 ва 26 декабри соли ҷорӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии навбатӣ ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинони шаҳр гардонида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории ярмаркаи мазкур таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ, ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳр мебошад.
Макони баргузории ярмарка-фурӯш дар маҳаллаи “Зафар” (наздики майдони Ғалаба) ва гардиши маркази дандонпизишкӣ муқаррар гардида, сокинон метавонанд аз ин нуқтаҳо маҳсулотҳои кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзон ва сифати баланд харидорӣ намоянд.
МАРҲАМАТ БА ЯРМАРКА-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ!

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*